Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия гуноҳи як узбекистониро эълон кард


Сафорати Русия дар Кобул
Сафорати Русия дар Кобул

Додгоҳи Русия ҳукми шаҳрванди Узбекистон Ҳусайнҷон Осимиро эълон кард.

Вай дар моҳи сентябри соли 2022 худро дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобули Афғонистон тарконда буд.

ТАСС, хабаргузории давлатии Русия, иттилоъ дод, ки Осимӣ солҳои охир дар Афғонистон мезист ва узви шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" буд.

Мақомоти Русия ба зидди ӯ ба гуноҳи "иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ ва амали террористии байнулмилалӣ" парванда боз карда буданд. Наздикони Осимӣ бо ин иттиҳом розӣ набуданд.

Дар таркиши назди сафорати Русия дар Кобул ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шуд. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябри соли 2022 рӯй дод.

Тибқи қарори додгоҳ, Ҳусайнҷон Осимӣ бар асоси ҳамаи иттиҳомҳо айбдор дониста шуда, парванда ба далели марги ӯ қатъ гаштааст.

XS
SM
MD
LG