Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Формати Маскав". Русия: Толибон ба ташкили ҳукумати фарогир омода шаванд


Интизор меравад, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия нишасти шашуми "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон доир шавад. Дар нишаст намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон, аз "Формати Маскав" ҳамчун як гуфтугӯи сиёсӣ ёд карда, баён доштааст, ки намояндагони Толибон ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсиси як ҳукумати фарогир дар Афғонистон итминон бидиҳанд.

Хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Кобулов рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки агар Толибон дархостҳои ҷаҳониро дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул бипазиранд, мумкин аст Русия ҳукумати Толибонро ба расмият бишиносад.

Аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон беш аз ду сол мегузарад, аммо ҳукумати ин гурӯҳро ҳеч кишвар ҳанӯз ба расмият нашинохтааст.

Замир Кобулов афзудааст, ки дар нишасти "Формати Маскав" ҳеч кас ба намояндагӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузур нахоҳад дошт.

Шуморе аз таҳлилгарон ин нишастро бештар ташрифотӣ медонанд, ки натиҷаи чашмрасе нахоҳад дошт. Ғавс Ҷонбоз, дипломати пешини Афғонистон дар Маскав, мегӯяд, "нишасте, ки 29-уми сентябр дар Қазон доир ба Афғонистон баргузор мешавад, бештар моҳияти ташрифотӣ хоҳад дошт. Русия тақрибан тайи шаш соли охир талош кардааст, ки ин форматро ҳамасола баргузор кунад."

Дар нишасти "Формати Маскав" як ҳайати Толибон ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон иштирок хоҳад кард.

Вай рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо дипломатҳои ҳукумати Толибон дар сафорати Афғонистон дар Маскав гуфтааст, дар бораи ду мавзуъ -- "амният ва маводи мухаддир" байни ҷаҳон ва Толибон мушкилоте вуҷуд дошт. Ба иддаои ӯ, мушкилот ҳал шуда, масоили дигар мавзуъҳои дохилии Афғонистон, ки ба гуфтаи вай ба хориҷиҳо рабт надорад.

Шашумин нишасти "Формати Маскав" дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар мавриди вазъияти башарӣ дар Афғонистон ва сиёсатҳои Толибон ба вижа дар баробари занон, нигарониҳое вуҷуд дорад.

Дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Афғонистон дар рӯзи сешанбе низ дар бораи вазъияти занон ва духтарон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ шуд ва таъкид сурат гирифт, ки ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистон зери ҳокимияти Толибон риоя ва садои онҳо шунида шавад.

Аз тарафи дигар, хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гузориш додааст, ки дар нишасти "Формати Маскав" дар бораи вазъияти ҷорӣ ва масоили амниятии минтақа баҳс хоҳад шуд.

Бар асоси гузоришҳо, ин нишаст бо ҳузури намояндагони вижаи Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

"Формати Маскав" ба ибтикори Русия дар соли 2017 эҷод шуд, ки ду нишасти он дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ва се нишасти дигараш пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, баргузор шудааст. Толибон ба ду нишасти ахири "Формати Маскав" даъват нашуда буданд.

Дар остонаи баргузории шашумин нишасти "Формати Маскав", шӯрои зидди Толибон бо номи "Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон" дар эъломияе хост, ки кишварҳои минтақа бояд заминаи таъсиси ҳукумати фарогир бархоста аз иродаи мардумро дар Афғонистон фароҳам кунанд.

Ин шӯро ҳамчунон хостааст, ки ин кишварҳо робитаи худро бо ҳукумати Толибон бозбинӣ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG