Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Тошканд ҳудуди 600 хона осеб дидааст


Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Тошканд ва муовини раиси комиссияи ҳукуматӣ Шавкат Умурзоқов теъдоди хонаҳоеро, ки дар натиҷаи таркиши анбор осеб дидаанд, эълон кард.

Ба гуфтаи Умурзоқов, дар натиҷаи таркиш 592 хона дар баландошёнаҳо, 8 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 1 мактаб ва 2 боғча осеб дидааст. Ҳамчунин ба боми 24 баландошёна ва 25 манзили хусусӣ зарар расидааст.

"Газета.уз" хабар дод, ки мақомот барои қабули муроҷиати сокинони зарардида телефони боварӣ ташкил кардаанд.

Дар анборҳои ширкати "Интер Логистикс" воқеъ дар наздикии Фурудгоҳи Тошканд шаби чоршанбе таркиш рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, гуфт, дар натиҷаи он як навраси 16-сола ҷон бохта, 163 каси дигар захмӣ шудааст.

Дар робита ба ҳодиса бо банди “вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор” парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG