Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди Фурудгоҳи Тошканд. Захмиҳо ҳастанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбекистон мегӯяд, ки соати 2:43-и шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ, дар анборҳои ширкати "Интер Логистикс" воқеъ дар наздикии Фурудгоҳи Тошканд, таркиши сахт рух дод. Манбаъ мегӯяд, дар пайи таркиш сухтор ба амал омад.

Кумита гуфтааст, "ба ҷойи ҳодиса 16 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ сафарбар шуда, соати 2:48 ба хомӯш кардани сӯхтор ва рафъи оқибатҳои он шурӯъ карданд."

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, садои таркиши қавӣ шунида мешавад. Тибқи гузоришҳо, бар асари ин таркиш тирезаҳои манзилҳои истиқоматӣ, дӯконҳо ва биноҳои дигар шикастаанд.

Вазорати тандурустии Узбекистон хабар додааст, ки осебдидагони ин ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, ҷароҳатҳои осебдидагон ҷиддӣ нест ва табибон ба онҳо ҳама кӯмакҳои тиббии заруриро расонидаанд.

Ин вазорат шумораи осебдидагонро эълон накардааст. Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Узбекистон, инчунин дар ҷойи ҳодиса ва манзилҳои наздик ба мардум ёрии аввалия расонида шудааст.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи "дар натиҷаи суқути ҳавопаймо рух додани ҳодиса"-ро рад кардааст.

Ширкати Uzbekistan Airports ҳам хабар додааст, ки таркиш ба кори Фурудгоҳи Тошканд таъсир нарасондааст ва фурудгоҳ ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG