Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони қазоқ гуфтанд, дар таркиши анбор даст надоранд


Додгоҳи низомии Қазоқистон баррасии парвандаи таркиши анбори аслиҳа дар пойгоҳи низомии ноҳияи Байзоқи вилояти Ҷамбилро аз сар гирифт.

Баррасии парвандаи таркиш моҳи марти имсол шуруъ шудааст. Дар курсии айбдорӣ ду сарбоз - Ерболат Туранов ва Асет Аширбай нишастаанд. Онҳо дар "Барқасдона нест ё вайрон кардани амволи ҳарбӣ" муттаҳам мешаванд.

Ҳар дуи гумонбарон дар мурофиаи 27-уми сентябр худро бегуноҳ номиданд. Додситонӣ аз додгоҳ талаб кард, ки гумонбарон 13-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Дар натиҷаи таркиш дар Байзоқ, ки моҳи августи соли 2012 рух дода буд, 17 кушта, ҳудуди 100 нафар захмӣ ва як тан бедарак шуд. Ба огаҳии вазорат, дар ин таркиш 10 корманди ниҳодҳои маданӣ, 6 низомии Вазорати дифои Қазоқистон ва 1 додситони ҳарбӣ ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG