Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ба занони узбек, ки дар клубҳои шабонаи Туркия кор мекунанд


Истанбул, Туркия
Истанбул, Туркия

Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Истанбул аз шаҳрвандони кишвараш, аз ҷумла духтарон ва занон даъват кардааст, ки дар тарабхонаҳои шабонаи Туркия ба ҳайси пешхидмат кор накунанд.

"Ба ҳама маълум аст, ки "консоматрис" (духтароне, ки муштариёнро дар қиморхонаҳо саргарм месозанд) хилофи расму ойини миллӣ ва динии мо аст. Ба ҳамаи шумо тавсия мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунед. Аз ҷойҳо ва шахсоне, ки метавонанд ҷон ва саломатии шуморо дар хатар гузоранд, дурӣ ҷӯед", - омадааст дар изҳороти консулгарӣ.

Манбаъ гуфтааст, шахсоне, ки ба чунин фаъолиятҳо ҷалб мешаванд, аз Туркия ихроҷ хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои сомонаи "Qalampir.uz", дар ҳоли ҳозир дар Туркия беш аз 300 ҳазор узбекистонӣ кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG