Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Трампро ба қаллобӣ муттаҳам кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Додгоҳи шаҳри Ню-Йорк президенти пешини Амрико Доналд Трамп ва хонаводаи ӯро ба қаллобӣ айбдор кард.

Додгоҳ Трампро ба қаллобӣ муттаҳам кард

Додгоҳи шаҳри Ню-Йорк президенти пешини Амрико Доналд Трамп ва хонаводаи ӯро ба қаллобӣ айбдор кард.

Хабаргузории "Reuters" бо такя ба қарори додраси додгоҳи Ню-Йорк Артур Энгорон иттилоъ дод, ки Трамп арзиши дороиҳои худро ба таври ғайриқонунӣ афзоиш додааст.

Пештар додситони кулли Ню-Йорк Летитсия Ҷеймс Трампро ба қаллобӣ муттаҳам карда, моҳи сентябри соли 2022 ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Ширкати асосии Трамп – "The Trump Organization" гуё бо мақсади ба даст овардани имтиёзҳои бонкӣ давоми даҳ сол мақомоти молияро дар бораи арзиши дороиҳояш фиреб додааст.

Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки қарори додрас дар бораи айбдор донистани Трамп ҳанӯз ниҳоӣ нест ва баррасии он 2-юми октябри имсол идома мекунад.

XS
SM
MD
LG