Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди фирориён аз Қаробоғи Куҳӣ меафзояд


Ҳукумати Арманистон рӯзи 27-уми сентябр хабар дод, ки то ҳол 47 ҳазор сокини Қаробоғи Куҳӣ ба он кишвар кӯч бастаанд.

Бештари онҳое, ки Қаробоғро тарк мекунанд, дар шаҳри Горис, ҳаммарз бо Озарбойҷон ҷойгир шудаанд. Дар онҷо маркази қабули гурезаҳо ҳаст.

Ёвари президенти Озарбойҷон Ҳикмат Гаҷиев дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навиштааст, ки Боку ба Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх барои интиқоли табибон ва кумакҳои башардӯстона ба Қаробоғи Куҳӣ гузаргоҳеро ташкил хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.

Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон гузарад. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи тарзҳои мутобиқ гардондани ҷомеаи арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Озарбойҷон идома дорад.

XS
SM
MD
LG