Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Лукашенко дар Қирғизистон вомехӯранд


Владимир Путин ва Александр Лукашенко
Владимир Путин ва Александр Лукашенко

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15-уми октябр дар доираи як сафар аз Қирғизистон боздид мекунад.

Ин хабарро сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар суҳбат бо "РИА Новости" тасдиқ кардааст.

Путин дар баробари вохӯрӣ бо раҳбарияти Қирғизистон дар онҷо бо ҳамтои беларусии худ Александр Лукашенко ҳам мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Пештари президенти Беларус хабар дода буд, ки рӯзи душанбе бо Путин телефонӣ суҳбат кардааст ва интизор меравад 15 октябр ба Қирғизистон биравад.

"Метавонем тасдиқ кунем, ки ингуна сафар дар назар аст ва дар онҷо мулоқот ҳам баргузор мешавад", - изҳор доштааст сухангӯи президенти Русия.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG