Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо 2 медал дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ даҳум аст


Дастаи мунтахаби Тоҷики стон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби ду медал (як тилло ва як нуқра) дар байни 45 кишвар дар ҷойи даҳум қарор дорад.

То рӯзи 26-уми сентябр варзишгарони 25 кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 11 кишвар нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Чин бо касби 69 медал ( 39 тилло, 21 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 33 медал ( 10 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 31 медал (5 тилло, 14 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Узбекистон (4-4-6), Ҳонконг (3-4-7), Ҳиндустон (2-3-6), Тайпейи Чин (2-1-3), Индонезия (1-1-4) ва Тайланд (1-0-2) дохиланд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Тоҷикистон, Қазоқистон 5 медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ва Туркманистон 1 медали биринҷӣ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо медали тилло ба даст овард. Вай дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал ӯ Асад Масобирови қирғизро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ баромад. Дар нимфинал Сомон Абулайхан Жубаназари қазоқро мағлуб карда, ба финал роҳ пайдо кард. Сомон дар финал Ли Ҷунванро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва ғолиби мусобиқот шуд.

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо медали биринҷӣ ба даст овард. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор мерафт.

Беҳрӯз дар вазни то 73 кило дар даври аввал бар ҷудокори Филиппин Накано Кейсей дастболо шуда, ба чорякфинал баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Дониёр Шамшаеви қазоқ ғолиб омад. Вале Хоҷазода дар даври ниманиҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб шуд. Беҳрӯз барои нишони биринҷӣ бар Қингдага аз Чин ғалаба кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 варзишгар (7 мард ва 4 зан) дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки рӯзи 24-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин шуруъ шуд, ширкат дорад. Дар ин мусобиқот 203 варзишгар (115 мард ва 88 зан) аз 28 кишвари қораи Осиё иштирок мекунан

Дар рӯзи аввали мусобиқот ду паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) - лар рақобатҳо байни мардон барои медали биринҷӣ мубориза бурда, ноком шуданд ва дар натиҷа ҳарду мақоми панҷумро соҳиб шуданд.

Дар мусобиқаи занон ду варзишгари тоҷик – Аҳлия Муъминова (-52 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) мақоми ҳафтумро касб карданд. Мадина Қурбонзода (-48 кг) ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) бошанд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Боз се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Исроил Раҳимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - миёни мардон имрӯз, 26-уми снтябр, ба рақобат мепардозанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, ҷиу- ҷитсу, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва ғайра ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 29 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 18-тоаш биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ (2006, 2010, 2014) ва яктоӣ нишони тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс (2006) ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо (2023) ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG