Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Тоҷикистон "Рӯзи бидуни нақлиёт" нест? ВИДЕО


Чаро дар Тоҷикистон "Рӯзи бидуни нақлиёт" нест?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон дар нимаи дувуми моҳи сентябр рӯзи бидуни нақлиёт таҷлил мешавад. Сокинон дар ин рӯз барои ҳифзи муҳити зист аз истифодаи нақлиёт даст мекашанд ва дучархасаворӣ мекунанд.

Ин сана дар Тоҷикистон таҷлил намешавад, ҳарчанд дар кишвар мошинҳои куҳна зиёд аст ва эҳтимоли олуда шудани ҳаво сол то сол бештар мегардад. Созмони IQAir дар Швейтсария соли гузашта Душанберо яке аз чаҳор шаҳри ҷаҳон номида буд, ки ҳаво дар онҷо башиддат олуда аст.

Баъзе аз раҳгузарон дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, "як рӯзи бидуни нақлиёт"-ро ҳатто тасаввур карда наметавонанд. Саъдӣ, ронандаи таксӣ, гуфт, ҳеч гоҳ пиёда ё бо дучарха ба ҷое нарафтааст. "Мошин доштам, ронанда будам, бидуни мошин наметавонам," – афзуд ӯ.

Аҳад Холиқов, сокини пойтахт, баръакс, чиҳил сол боз аз дучарха истифода мекунад. "Дучархасаворӣ ҳам ба сиҳати инсон ва ҳам ба муҳити зист таъсири мусбат дорад," – бовар дорад ӯ.

Дар ним соли аввали 2023 ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазор мошини сабукрав ворид шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор адад зиёд аст. Бештар воситаҳои нақлиёти дасти дувум меоранд. Сабаби он, ба гуфтаи мутахассисон, пардохти нисбатан пасттари гумрукист.

Достон Мансуров, пизишки тоҷик, мегӯяд, агарчи истифодаи воситаҳои нақлиёт барои осон кардани кори мардум муҳиманд, "аз тарафи дигар дуди ғализи онҳо ҳавои шаҳрро ифлос мегардонад".

"Ҳоло баъзе аз корхонаҳо низ ҳамин хел кор мекунанд. Ҳаво вайрон мешавад. Вақте одамон нафас мекашанд, беморӣ пайдо мекунанд. Истеҳсоли электромобилҳо барои он аст, ки экология хуб шавад," – гуфт ӯ.

Таҷлили рузи ҷаҳонии бидуни нақлиёт панҷоҳ сол боз дар гӯшаҳои ҷаҳон бо ҳадафи ҳифзи муҳити зист ва саломати инсонҳо таҷлил мешавад. Маълум нест, Тоҷикистон кай ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG