Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори Озодӣ барои сабти намоишгоҳи Остона

Сания Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ
Сания Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ

Маъмурони пулиси шаҳри Остона хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Сания Тойкенро пеш аз оғози намоишгоҳи "INNOPROM.QAZAQSTAN", ки рӯзи 25-уми сентябр дар ҳудуди "ЭКСПО"-и шаҳр оғоз шуд бидуни шарҳ боздошт карданд.  Вай танҳо баъд аз ду соат озод шуд.

Ба кори рӯзноманигор, ки таҷҳизотро дар намоишгоҳ ба навор мегирифт, нахуст зане бидуни муаррифии худ монеа эҷод карда, аз ӯ хостааст, наворбардориро бас кунад.

Сипас корманди пулис ба назди рӯзноманигор ҳозир шуда, гуфтаааст, наворбардорӣ аз рафти намоишгоҳ манъ аст.

Маъмурони пулис хабарнигорро сарфи назар аз нишон додани ҳуҷҷати худ боздошт карда, ба шуъба бурданд. Дар шуъба зидди рӯзноманигор ҳеч гуна санаде тартиб дода нашудааст ва ба ӯ ҳам расман шарҳ надодаанд, ки чаро дастгир шуд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон, намоишгоҳи "INNOPROM.QAZAQSTAN" аз 25 то 27-уми сентябр дар Остона баргузор мешавад. Дар он сарвазирони Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Русия иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG