Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда дар робита ба бистарӣ шудани садҳо кӯдак дар Намангон


Ёвари президенти Узбекистон Саида Мирзиёева хабар дод, ки дар робита ба бистарӣ шудани садҳо кӯдак дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ёвари президенти Узбекистон Саида Мирзиёева хабар дод, ки дар робита ба бистарӣ шудани садҳо кӯдак дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ӯ гуфт, бо дастури президент Шавкат Мирзиёев ба Намангон рафтанд ва тавре маълум шуд, ҷамъан 450 кӯдак барои ёрии тиббӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд.

“Мо беморхонаро аз назар гузаронида, вазъиятро бо чашми худ дидем ва дар бораи вазъи кӯдакон маълумоти охиринро дарёфт кардем. Мо бо волидони кӯдакон низ суҳбат доштем", - навиштааст Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти дахлдори Узбекистон дар ҳоли ҳозир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 21-уми сентябр бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди меъда, дилбеҳузурӣ кӯдакон аз 9 мактаб ва ду боғча ба беморхона муроҷиат карданд.

XS
SM
MD
LG