Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санкт-Петербург: Рафтори маъмури пулисро бо муҳоҷирон месанҷанд


Раёсати корҳои дохилии Санкт-Петербург ба таҳқиқи наворе сар кардааст, ки беэҳтиромии як маъмури пулисро ба муҳоҷирони корӣ нишон медод.

Раёсати корҳои дохилии Санкт-Петербург ба таҳқиқи наворе сар кардааст, ки беэҳтиромии як маъмури пулисро ба муҳоҷирони корӣ нишон медод.

Наворро 30-юми августи имсол дар "Лахта Сентр", як иншооти вобаста ба ширкати "Газпром", дар шаҳри Санкт Петербурги Русия сабт кардаанд.

Бинобар он, як маъмури пулис қуттии нону шириниҳоро, ки муҳоҷирон мехӯрданд, ба лагад зада, ба онҳо суханҳои дағал мегӯяд.

Сухангӯйи Раёсати умури дохилии Санкт-Петербург дар охири ҳафтаи гузашта ба пойгоҳи “Ведомости” гуфтааст, “бар асоси ин навор тафтиши дохилӣ таъин шуда, иштирокдорон ва паҳлуҳои ҳодиса муайян карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаи санҷиш тибқи қонунгузорӣ қарор қабул хоҳад шуд.”

Ба қавли ҳуқуқшиносон, дар навор зоҳиран корманди ҳифзи ҳуқуқ аз ҳадди ваколатҳои худ берун баромадааст ва барои ин амал метавонад ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шавад.

Дар бунёди "Лахта Сентр" садҳо зодаи Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG