Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Украина гуфт, ҳамлаи мушакӣ “талафоти зиёд дошт”


Артиши Украина гуфт, ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи Флоти Баҳри Сиёҳи Русия дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим "талафоти зиёд дошт".

"Дар натиҷа, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, ки дар миёнашон фармондеҳони баландмақоми флот низ ҳастанд," – гуфта шудааст дар эъломияи артиши Украина рӯзи 23-юми сентябр.

Кирило Буданов, раиси Хадамоти иктишофии Украина, иддао кард, ки дар ҳамла камаш як мушаки болдор ба қароргоҳи Флоти Баҳри Сиёҳи Русия зад.

Радиои Озодӣ натавонист иддаои Буданов ва артиши Украинаро дар бораи талафот мустақилона тасдиқ кунад.

Вазорати дифои Русия дар Телеграм хабар дод, ки панҷ мушаки болдорро сарнагун кард. Дар бораи талафот маълумоти нав надодааст.

Мақомоти Русия дар Қрим рӯзи 23-юми сентябр тасдиқ карданд, ки Севастопол дубора мавриди ҳамла қарор гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG