Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед гуфт, Байден бо панҷгона дар бораи амният ва мудофиа гап задааст


Рӯзи 21 сентябр сомонаи Кохи Сафед изҳороти муштараки роҳбарони саммити "C5+1"-ро нашр шуд. Дар изҳороти муфассали роҳбарон, ба масъалаи амнияти энержӣ дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, дар бораи риоя шудани ҳуқуқи инсон тақрибан ҳарфе нест.

Вохӯрии Ҷо Байден бо роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон 20-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Ин аввалин вохӯрии якҷояи як раиси ҷумҳури Амрико бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Дар изҳороти поёнии ин нишаст омадааст, шарикии ИМА бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба риояи Оинномаи Созмони Миллал асос ёфтааст.

«ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари вазъ дар Афғонистон тасмим доранд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои амният ба вижа дар бахши мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо терроризмро тақвият бахшанд,»-омадааст дар изҳорот.

Дар остонаи ин вохӯрӣ, созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороте аз президенти Амрико Ҷо Байден хоста буд, ки дар мулоқот бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин давлатҳо дар миён гузорад.

Аммо дар изҳороти поёнии нишаст дар бораи ҳуқуқи инсон тақрибан чизе гуфта нашудааст.

Кохи Сафед қаблан гуфта буд, Ҷо Байден дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар, ба ҳимояти давомдори кишвараш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолиятҳои тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид кард ва таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба риоя намудани ҳуқуқи маъюбон ҷалб намуд.

XS
SM
MD
LG