Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" дар аввалин бозиаш дар Ҷоми AFC ду имтиёзро аз даст дод


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.

Ин бозии даври аввали мусобиқот шоми панҷшанбеи 21-уми сентябр бо ҳузури 6750 тамошогар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Дар нимаи аввали бозӣ футболбозони ҳарду даста ҳарчанд ҳуҷум карданд, вале муваффақ нашуданд. Нимаи дувуми дидор низ ҷолибу пуршиддат гузашт. Бозигарони «Равшан» Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Айдан Окран аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ пурсамар истифода карда натавонистанд. Ҳамин тариқ бозӣ бидуни гол ба поён расид ва ҳарду даста якимтиёзӣ гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар охири дидор баъди зарбаи бозигари “Равшан” тӯб дар назди дарвоза ба дасти футболбози туркман расида буд. Аммо сардовари бозӣ Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт пас аз машварат бо ёвараш аз таъйин кардани пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи меҳмонон худдорӣ намуд. Ин тасмими баҳсбарангези сардовар боиси нигаронии футболбозону мухлисони “Равшан” гардид.

Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», аз ҳисоби бозӣ қаноатманд нашуд, зеро даста дар нахустин бозиаш дар майдони худ аз ду имтиёз бенасиб монд. Ҳол он ки вазифаи даста дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст.

Дар бозии дигари даври аввали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота”-и Қирғизистон дар майдони худ бошгоҳи “Олтин Аср” (“Асри тиллоӣ”)-и Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳ “Абдиш-Ота” бо касби се имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Равшан” ва “Марв” бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. “Олтин Аср” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» рӯзи панҷшанбеи 5-уми октябр баргузор мешаванд. «Равшан» дар Туркманистон бо «Олтин Аср» ва «Марв» дар майдони худ бо «Абдиш-Ота» рақобат мекунанд. Дарвоқеъ, бар асоси дастури Ҷоми AFC аз ин гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

Бояд гуфт, ки бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Алекперов 22-юми августи имсол дар бозии интихобии Ҷоми AFC-2023/24 дар меҳмонӣ бошгоҳи «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба ҳаққи ширкат дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқот даст ёфта буд.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Олтин Аср» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) «Марв» (Туркманистон) – 0:0

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Холмурод Назаров (капитан ё сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков, Раҳматшо Раҳматзода, Айдан Окран, Масрур Қиёмиддинов (Тоҳир Малодӯстов, 69), Ҷозеф Акомади, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Эммануэл Маабуах, Амирҷон Сафаров (Акобир Тураев, 78).

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 6750 тамошогар.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Олтин Аср» (Туркманистон) – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

1

1

0

0

3-0

3

2.

«Равшан» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

2.

«Марв» (Туркманистон)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Олтин Аср» (Туркманистон)

1

0

0

1

0-3

0

Даври 2-юм

5-уми октябр (панҷшанбе)

«Олтин Аср» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

26-уми октябр (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон) – «Олтин Аср» (Туркманистон)

Даври 4-ум

9-уми ноябр (панҷшанбе)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

«Олтин Аср» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)

Даври 5-ум

30-юми ноябр (панҷшанбе)

«Марв» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

«Олтин Аср» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Олтин Аср» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG