Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илон Маск нейрочипҳои Neuralink-ро дар одамон месанҷад


Илон Маск
Илон Маск

Ширкати амрикоии Neuralink, ки ба сарватманд Илон Маск тааллуқ дорад, барои санҷиши дастгоҳи табобатии Neuralink довталабонро интихоб мекунад.

Ширкати амрикоии Neuralink, ки ба сарватманд Илон Маск тааллуқ дорад, барои санҷиши дастгоҳи табобатии Neuralink довталабонро интихоб мекунад.

Neuralink - ин микрочипе аст, ки бевосита ба майнаи сар гузошта мешавад.

Барои озмоиш одамоне интихоб мегарданд, ки фалаҷ шудаанд ё бемориҳои вобаста ба асаб доранд. Агар озомиш дуруст анҷом шавад, онҳо дубора роҳ хоҳанд гашт.

Андозаи микрочипҳои Neuralink тақрибан баробари танга аст.

Оҷонси амрикоии назорати маҳсулот ва доруҳо (FDA) ҳанӯз моҳи майи имсол озмоиши Neuralink-ро иҷоза дода буд.

Онҳое, ки дар озмоиш иштирок мекунанд, бояд шаш сол зери назорат бошанд. Танҳо баъд аз ин метавон дар бораи таъсири микрочипҳо хулоса кард. Дар сурати мусбат будани натиҷаҳо ин технология барои истифодаи умум иҷозат дода мешавад.

XS
SM
MD
LG