Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷудо дар Боку иштирок мекунанд


Эмомалӣ Нуралӣ ҳам дар "Baku Grand Slam" иштирок мекунад
Эмомалӣ Нуралӣ ҳам дар "Baku Grand Slam" иштирок мекунад

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam", ки рӯзҳои 22-24-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқот то ҳоло 450 варзишгар (266 мард ва 184 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи олам номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳашт варзишгар дар рақобатҳо миёни мардҳо намояндагӣ мекунад:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-73 кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов

-81 кг – Шодмон Ризоев

-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Эмомризо Анварзода

+100 кг – Мансур Раҳмон

+100 кг – Шакар Мирмамадов

Рӯзи аввали мусобиқот – 22-юми сентябр – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувум – 23-юми сентябр - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқот 24-уми сентябр бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 варзишгар (7 мард ва 4 зан) барои ширкат дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XIX Осиё, ки рӯзҳои 24-27-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мардон ҳафт нафар - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Исроил Раҳимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи занон чаҳор нафар – Мадина Қурбонзода (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, ҷиу- ҷитсу, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва ғайра ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG