Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узбекистонӣ дар Куриёи Ҷанубӣ занеро аз марг наҷот дод


Марди 40-солае аз Узбекистон дар Куриёи Ҷанубӣ, зани 69-солаи маҳаллиро аз тарабхонаи оташгирифта наҷот дод. Дар ин бора нашрияи The Korean Herald хабар медиҳад.

Ба иттилои хадамоти оташнишонии Куриёи Ҷанубӣ, оташ дар тарабхонае сар зад, ки аз сӯи як ҷуфти солхӯрда идора мешуд.

Зане, ки наҷот дода шуд, дар лаҳзаи сар задани оташ дар дохили тарабхона танҳо монд. Он зан ҷароҳат бардошта дар ҷои ҳодиса аз ҳуш рафта буд.

Шавҳари вай, марди 70-сола имкон ёфтааст, ки худро наҷот диҳад. Марди 40-солаи узбекистонӣ вориди тарабхона шуда, занро берун овардааст.

Айни замон он зан дар беморхона бистарӣ аст ва табобат мегирад.

XS
SM
MD
LG