Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Ҷаҳон бояд дар баробари таҷовузи Русия биистад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар нишасти 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, "бояд дар баробари таҷовузи ошкорои Русия ба Украина биистем, то монеи таҷовузгарони дигари эҳтимолӣ фардо шавем".

Ҷо Байден рӯзи 19-уми сентябр дар ҷаласаи солонаи СММ гуфт, "Русия бар ин бовар аст, ки ҷаҳон хаста хоҳад шуд ва ба ӯ иҷоза хоҳад дод, ки Украинаро зери ситами худ дарорад."

"Аммо аз шумо мепурсам: агар мо усули асосии Созмони Милалро барои розӣ кардани як таҷовузгар канор гузорем, оё ҳар кишвари узв метавонад эҳсоси итминон кунад, ки аз онҳо муҳофизат мешавад? Агар иҷоза бидиҳем, ки Украина тақсим шавад, оё истиқлоли ҳар кишваре кафолат дода шудааст? Посух манфӣ аст," -- афзуд Байден.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таъкид кард, ки "ба ҳамин далел Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи ҳампаймонҳояш дар саросари ҷаҳон ҳамчунон дар канори мардуми шуҷои Украина хоҳанд истод, ки аз ҳокимият, тамомияти арзӣ ва озодии худ дифоъ мекунанд."

Ҷо Байден дар бахши дигаре аз изҳороташ гуфт, "Иёлоти Муттаҳида дар пайи ҷаҳони амн аст."

Нерӯҳои Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад.

Ҳамлаҳои артиши Русия боис ба марги садҳо нафар ва хароб шудани чандин шаҳри Украина аз ҷумла Мариупол ва Бахмут шуд.

Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ дар ин якунимсол ба Украина кумак карданд, то дар баробари таҷовузи Русия биистад.

XS
SM
MD
LG