Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гаага ба баррасии шикоят нисбати Русия мепардозад


Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага аз 18 то 27 сентябр шикояти Украинаро нисбати Русия дар робита ба эҳтимоли наслкушӣ баррасӣ мекунад.

Украина рӯзи 27 феврали соли 2022 - се рӯз баъд аз ҳамлаи густардаи Русия ба додгоҳи байналхалқӣ шикоят бурда буд. Додгоҳ пештар қарор бароварда буд, ки ба шикояти Украина 32 кишвари дигар ҳаққи ҳамроҳ шуданро доранд - инҳо тақрибан ҳамаи кишварҳои аврупоӣ, ҳамчунин Канада, Австралия ва Зеландияи Нав ҳастанд.

Ҷониби Русия ин шикоятро қабул надорад ва ҳамла ба хоки Украинаро хилофи Оинномаи СММ намедонад.

Ҷониби Украина бар ин бовар аст, ки рафтори Русия зидди Украина хусусияти наслкушӣ дорад. Яке аз далелҳои Украина ин иҷборан ба Русия бурдани кӯдакон аз Украина аст.

XS
SM
MD
LG