Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023


Тамрини дастаи "Истиқлол"
Тамрини дастаи "Истиқлол"

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар майдони худ муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор мекунад.

Бозии даври аввали ин мусобиқоти пурнуфузи Осиё миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”- и Қатар рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Бар асоси натоиҷи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) рақобат мекунад.

Раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода дар сомонаи расмии бошгоҳ гуфтааст, «ин мавсим на танҳо барои дастаи мо, балки барои тамоми футболи тоҷик муҳим хоҳад буд. Зеро бошгоҳҳои пурқувватттарин – қаҳрамонони кишварҳои худ - ба Душанбе меоянд. Моро эҳсоси шодиву ифтихор фаро гирифтааст, ки қаҳрамони кишвар дар муқобили бархе аз ситораҳои дурахшони футболи ҷаҳонӣ бозӣ мекунад”.

Зимнан, яке аз онҳо Криштиану Роналдуи португолӣ мебошад, ки ба ҳайати «Ал-Наср» шомил аст.

"Дидани Роналду ва дигар ситораҳои ҷаҳон дар майдон дар Душанбе эҳсосоти фараҳбахшу хубест, аз ин рӯ, сарфи назар аз душвории бозиҳо бо онҳо, "Истиқлол" кӯшиш мекунад, ки худро шоиста нишон диҳад ва ба мухлисонаш як иди воқеии футболро тақдим созад."

«Ал-Дуҳайл», қаҳрамони Қатар, 17-уми сентябр ба Душанбе омад. Сармураббии даста Эрнан Креспо ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 22 бозигар овардааст. Меҳмонон дар меҳмонхонаи «Хаятт-Риҷенси» зиндагӣ мекунанд.

Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати доваронро дар бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» эълон кард. Сардовари ин бозӣ довари FIFA Муҳаммад Ал-Алӣ аз Қувайт мебошад. Ба ӯ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба души Ван Ди аз Чин вогузор шудааст.

Видео доварони VAR – Абдулло Ҷамолӣ ва Алӣ Иброҳим, ҳарду аз Қувайт, Ҷаҳонгир Саидов аз Узбекистон ҳастанд. Назир Ҳусайн Муҳаммад Ҳанифа аз Сингапур нозири доварон ва Равишанкар Ҷайараман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Фурӯши билетҳо ба бозии "Истиқлол" - "Ал-Дуҳайл" ҷараён дорад. Нархи билети дараҷаи аввал барои минбари ғарбӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи билети дараҷаи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, шоми имрӯз, 18-уми сентябр, дар арафаи бозии «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл», дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ конфронси матбуотӣ барпо мегардад. Дар нишаст сармураббиёни ҳарду даста – Игор Черевченко ва Эрнан Креспо – ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Таркиби гурӯҳҳои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Садд» (Қатар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Эйр Форс» (Ироқ), АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон), «Мумбаи Сити» (Ҳиндустон), «Навбаҳор» (Узбекистон).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ).

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

«Персеполис» (Эрон)

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Даври 1-ум

19-уми сентябр

Оғози бозӣ – соати 21:00

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Даври 2-юм

2-юми октябр

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 3-юм

24-уми октябр

«Персеполис» (Эрон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 4-ум

7-уми ноябр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон)

Даври 5-ум

27-уми ноябр

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 6-ум

5-уми декабр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

XS
SM
MD
LG