Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар "Гран-прии самбо" дар Уфа


Паҳлавони тоҷик Анӯшервон Назарзода (аз чап) бо мураббии варзиш Маҳмуди Абдуллоҳ.
Паҳлавони тоҷик Анӯшервон Назарзода (аз чап) бо мураббии варзиш Маҳмуди Абдуллоҳ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии «Гран-прии самбо», ки рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд, се медал (ду нишони нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Анушервон Назарзода дар риштаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни 58 кило барои ҷои дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ аз Алберт Монгуш (Русия) шикаст хӯрд.

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Алберт Монгуш (Русия)

2. Анушервон Назарзода (Тоҷикистон)

3. Акжол Болтабоев (Қазоқистон

3. Данир Шамсуддинов (Русия)

Паҳлавони дигари тоҷик Умедҷон Муҳиддинов дар риштаи самбои размӣ дар вазни 71 кило медали нуқра гирифт. Ӯ дар финал аз Шариф Кушаев (Узбекистон) ноком шуд.

Самбои размӣ

71 кг

1. Шариф Кушаев (Узбекистон)

2. Умедҷон Муҳиддинов (Тоҷикистон)

3. Шаҳбози Нозимзода (Русия)

3. Абдулқодир Фаттоҳов (Русия)

Медали биринҷӣ дар самбои размӣ дар вазни 79 кило насиби паҳлавони тоҷик Субҳон Мирзомуродзода гардид.

Самбои размӣ

79 кг

1. Рим Хазиахметов (Русия)

2. Кирилл Сёмин (Русия)

3. Субҳон Мирзомуродзода (Тоҷикистон)

3. Шариф Кудавасов (Русия)

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев субҳи 18-уми сентябр аз шаҳри Уфа хабар дод.

Ба иттилои ӯ, мусобиқа дар Маркази омодагии варзишии ба номи Рима Баталова бо ширкати ҳудуди 170 варзшгар аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва ғайра аз рӯи 21 вазн (самбои варзишӣ 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва самбои размӣ 7 вазн байни мардон) доир гардид.

Варзишгарони русиягӣ дар 18 вазн ғолиб шуданд. Дар ду вазн паҳлавонони узбек Шариф Кушаев (71 кило) ва Ислом Носиров (+98 кило) дар риштаи самбои размӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Танҳо дар як вазн – то 80 кило - намояндаи Беларус Карина Шут - дар риштаи самбои варзишӣ миёни занон мақоми аввалро касб кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG