Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: 120 созмон хостанд, қонуни баҳсбарангез рад шавад


120 созмони ҷамъиятӣ дар Қирғизистон аз вакилони порлумон хостанд, қонун дар бораи "намояндаи хориҷӣ"-ро рад кунанд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, "қабули қонун ба кори ташкилоти ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла созмонҳои хайриявӣ, ки ба мардум хидмат мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад.”

"Аз нигоҳи мо, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ, аҳамияти кори созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистонро, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд, пурра дарк намекунанд,"-омадааст дар мактуби созмонҳои ғайридавлатӣ.

Онҳо ҳамчунин навиштааст, бахши калони кумакҳои хориҷӣ ба Қирғизистон тавассути сохторҳои давлатӣ расонда мешавад ва ҳеч далеле нест, ки созмонҳои ғайридавлатӣ "ба зарари Қирғизистон" истифода шуда бошанд.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд. Моҳи июн Ҷамила Ҷаманбоева, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Қирғизистон пешниҳод кард, ки лоиҳаи ин қонун бозхонд карда шавад.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG