Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни сафари шашрӯзаи Ким Чен Ин дар Русия


Роҳбари Кореяи Шимолӣ дар яке аз пойгоҳҳои Русия
Роҳбари Кореяи Шимолӣ дар яке аз пойгоҳҳои Русия

Сафари Ким Чен Ин, роҳбари Кореяи Шимолӣ ба Русия ба анҷом расид. Расонаҳои давлатии Русия хабар доданд, ки қатораи зиреҳпуши Ин аз истгоҳи Артём-Приморский-1 роҳии Пхенян шуд.

Дар сафари шашрӯзаи роҳбари Кореяи Шимолӣ ба Русия, миёни ду кишвар ягон ҳуҷҷати расмӣ ба имзо нарасидаааст. Ҳадди ақал дар бораи имзои ягон санад расман хабар дода нашуд.

Ким Чен Ин 12 сентябр ба Русия омад ва бо Владимир Путин дар космодроми шарқӣ дар вилояти Амур чор соат паси дарҳои баста гуфтугӯ кард. Роҳбари Кореяи Шимолӣ баъди ин дидор пуштибонии комил ва бидуни қайду шарти кишварашро аз манфиатҳои Русия эълон кардааст.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз он нигаронӣ кард, ки ҳамкории Русия бо Кореяи Шимолӣ дар барномаҳое, ки метавонанд қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро вайрон кунанд, "ташвишовар" аст.

Русия ва ҳам Кореяи Шимолӣ зери таҳримҳои сахти кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG