Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси Ҳизби ҳокими Тоҷикистон Холиқзодаро ба "хиёнат" айбдор кардааст


Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби баҳсбарангези “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “душмани хонагӣ” номида, ӯро ба хиёнати зидди миллату давлат ва иғвогарӣ муттаҳам кардааст.

Абдухалил Холиқзода, мудир ва соҳиби Бемористони хусусии “Ибни Сино” аввали моҳи августи имсол бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва маҳалгароӣ” зимни дастури Додситони кулли Тоҷикистон боздошт шуд. Баъдан, Абдуқодири Рустам, нависандаи шинохта, ки дар таҳрири китоб саҳм дошт, бо айни иттиҳом боздошт шуд. Фаъолони тоҷик боздошти ин ду шахсиятро саркуби озодандешон номида, маҳкум карданд.

Хайриниссо Юсуфӣ, ки дар ҳизби ҳокими халқии демократӣ муовини Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст, дар матлабе дар хабаргузории давлатии “Ховар” Холиқзодаро ба “носипосӣ ба Ватан, миллат ва ҷоннисориҳои Роҳбари муаззами давлат” айбдор кардааст. Ба навиштаи ӯ, муаллифи “Ҳаводиси рӯзгори ман” “бо шиорзаниҳои авомфиребона хонандаро гӯл задан ва дар ниҳоди онҳо оташи кинаситезии маҳалливу қавмиро афрӯхтан мехоҳад.”

Муовини раиси ҳизби ҳоким Холиқзодаро барои инки “ваҳдати миллӣ”-ро танҳо шиор донистааст, танқид карда, гуфтааст, “ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пойбарҷо аст.” Ин дар ҳолест, ки муаллифи китоб танҳо изҳори таассуф кардааст, ки "яке аз сабабҳои асосии харҷу марҷ дар кишвар парокандагии миллат аст, давлат гӯё ин мушкилро дарк карда, шиорҳоеро, аз қабили "Ваҳдат асоси субот аст" ва амсоли инҳо рӯйи даст гирифтааст. Вале дар асли ҳол ваҳдати миллӣ танҳо бо ҳамин шиорҳо хатм мешавад ва ба воқеият табдил нашудааст."

Нигоҳи танқидии Абдухалил Холиқзода, ки худро тарафдори сиёсатҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон меномад, асосан бо орзуи ислоҳи нуқсон ва рушду пешрафт дар миён гузошта шудаанд.

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки моҳи марти имсол нашр шуд ва баъдан бо ҳуруфи форсӣ дар як намоишгоҳи китоб дар Эрон муаррифӣ шуд, моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт. Зодагони бархе маҳалҳои Тоҷикистон муаллифро ба он муттаҳам карданд, ки дар асараш онҳоро таҳқир кардааст. Худи муаллиф дар посухе гуфта буд, ки ҳақиқатро навиштааст ва касеро таҳқир накардааст.

Ин баҳс аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба долонҳои ҳукумат кӯчид ва ба назар мерасад, ки рӯз то рӯз бузургтар мешавад.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ рӯзи 15-уми сентябр бо васфи “хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон” гуфтааст, ки муаллифи китоб “хонандаро ба гумроҳиву каҷфаҳмӣ мебарад.”

Аз ин пеш, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо чунин шева муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро маҳкум карда буданд. Яке паси дигар пайдо шудани ин навиштаҳо ва нашр шудани онҳо дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз роҳандозӣ шудани як маъракаи айбдоркунии Абдухалил Холиқзода дарак медиҳанд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Холиқзода қурбони рақобатҳои дохилии раҳбарони соҳаҳои интизомӣ шудааст. Ӯ дар чанд ҷои китобаш аз Саидмӯъмин Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон “дӯстони наздик” ном бурда, аз қавли онҳо дар китобаш иқтибос овардааст. Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ин дӯстӣ ва сукути ду нафарро дар баробари баҳси атрофи китоб танқид карда будааст. Дар китоб ҳамчунин иттиҳоми ришваситонии додситони кул зикр гаштааст.

Китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Дар он Холиқзода бо тавсиф аз кори ду вазири қудратии Тоҷикистон инчунин, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошту таҷрибаашро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG