Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Байден ва Зеленский ҳафтаи оянда мулоқот мекунанд


Ҷо Байден ва Владимир Зеленский. Акс аз бойгонӣ.
Ҷо Байден ва Владимир Зеленский. Акс аз бойгонӣ.

Интизор меравад, президенти Амрико Ҷо Байден баъди ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар Кохи Cафед мулоқот кунад.

Дар ин бора мақомҳои расмии ИМА ба [абаргузории "Reuters" иттилоъ додаанд.

Ахиран сафири Исроил дар Украина Михаэл Бродский гуфт, сарвазири кишвараш Бенямин Натаняҳу рӯзҳои наздик бо Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот мекунад.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки эҳтимол президенти Русия моҳи сентябр барои ироаи "формулаи сулҳ"-и худ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк биравад.

Ин ҷаласа ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG