Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқро қатъ карданд; забонхат мегиранд." Даъват ба артиш дар Ворух


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

​​​​​​​Сокинони чанд маҳаллаи ҷамоати Ворух дар марзи Қирғизистон мегӯянд, се рӯз боз барқ надоранд ва мақомот гуфтаанд, ба шарте мушкилро ҳал мекунанд, ки писаронашон барои хидмат дар артиш худро сабти ном кунанд. Даъват ба артиш расман аз якуми октябр бояд оғоз шавад.  

Забонхат мегиранд

Мудассир, як сокини ҷамоати Ворух, рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ҷамоат ва комиссариати ҳарбӣ аз 5-уми сентябр боз аз ҷавонону волидонашон барои рафтан ба артиш забонхат мегиранд.

“Забонхати падару модарон ва баъзе аз ҷавононро гирифтанд, ки бояд якуми октябр ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд. Дар ҳар маҳаллае, ки ҷавонон ё волидон барои додани чунин забонхат ҳозир нашуданд, барқ пурра хомӯш карда шуд. Се-чор маҳалла барқ дорад, дигарон надоранд,” – нақл кард ӯ.

Ҷамоати Ворух
Ҷамоати Ворух

Ворух, як ҷамоати шаҳри Исфара, беш аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад. Маълум нест, ки бар асоси нақша аз ин ҷамоат бояд чӣ қадар ҷавон ба артиш бурда шавад. Амрибой, як сокини кӯҳансоли ҷамоати Ворух, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ писари синни хидмат ба ба артиш надорад, вале ҳоло аз бебарқӣ ранҷ мекашад.

“Тарафдорам, ки ҳамин бачаҳо рафта, дар артиш хидмат кунанд. Ин қарз аст, лекин барои чӣ бояд азоби бебарқӣ кашем? Бачаи хурдии ман 40-сола аст, лекин барқро куштанд, ҳама чиз дар яхдон вайрон шуд,” – шиква кард ӯ.

Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?

Баъзе аз сокинони ҷамоат мегӯянд, хидмат ба артиш ҳатмист, вале аз “фишор, ноодилонаву интихобӣ бурдани фарзандони оилаҳои камбизоат ба артиш” норозиянд.

Дар даъвати баҳории имсол низ сокинони Исфара шикоят карда буданд, ки мақомот дари масҷидҳояшонро бастаанд, то писарони худро аз Русия баргардонда, ба артиш фиристанд.

Зубайдулло Шомадов
Зубайдулло Шомадов

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара, рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, омодагӣ барои даъват ба артиш давом дорад, “вале қатъи барқ дар Ворух беасос аст”. Ӯ гуфт, “ҷавонони Ворух аллакай ихтиёрӣ омодаанд, ки ба артиш раванд ва бовар дорам, дар рӯзҳои аввали даъват мераванд.”

Маъмулан, мақомот даъвати тирамоҳиро аз моҳи октябр ҷиддӣ мегирифтанд, вале ҳоло ба назар мерасад, ки дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ аз оғози моҳи сентябр бо ҳар роҳе талоши бурдани ҷавононро ба артиш доранд.

Дилрабо Самадова, мудири “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, сокинон аз оғози моҳи сентябр аз чанд мавриди даъвати ғайриқонунӣ ба артиш шикоят мекунанд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

“Як моҳ пеш бояд корҳои омодагиро сар кунанд, вале инҳо аллакай даъватро сар кардаанд. Ба мо ду муроҷиат шуд. Ҷавонон пеш аз издивоҷ ба идораи ЗАГС рафтаанд. Дар онҷо гуфтаанд, аз комисариати ҳарбӣ дар бораи ба артиш рафтан ё нарафтан гувоҳнома биоред. Ин қонунӣ нест. Пештар дар фурудгоҳ ё ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ мепурсиданд, аммо дар идораи ЗАГС набуд,” -- гуфт ӯ.

Қуръакашӣроҳи ҳал?

Ба гуфтаи Самадова, ҳоло ба ҷавонон даъватнома месупоранд ва забонхат мегиранд, ки рӯзи якуми октябр ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, тибқи фармони президенти Тоҷикистон бояд супурдани даъватнома расман аз якуми октябр оғоз шавад.

Аз чанд деҳа дар вилояти Хатлон низ хабар расид, ки мақомот бо роҳҳое, ки қонун пешбинӣ накардааст, талоши ҷалби ҷавононро ба артиш доранд. Ба дасти мо аз як ҷамоати ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон навор расид, ки нишон медиҳад, мақомот мехоҳанд, бо қуръакашӣ ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд.

Дар навор комиссари ҳарбӣ ва раҳбарони ҷамоат ба сокинон мегӯянд, бояд аз ин маҳал 10 нафар ба артиш равад, вале инҷо 80 ҷавони синни хидмат дорад. Ӯ мегӯяд, онҳо 80 коғазро дар дохили қуттие мегузоранд, ки дар миёнаш танҳо даҳ адади он рақам дорад. Модарон аз дохили қуттӣ коғазҳоро берун мекунанд ва ба дасти ҳар касе коғази рақамдор расад, бояд писарашро ба артиш ҳозир кунад.

Мақомот инро як роҳи одилонаи ҷалби ҷавонон ба артиш меноманд, вале коршиносон сабаби даст задан ба чунин иқдомро набудани як барномаи муосир медонанд.

Коршиносон ба он ишора мекунанд, ки зӯран ба артиш бурдани ҷавонон натиҷаи хуб нахоҳад дод ва мақомот бояд артишро бо сарбозони касбӣ пур кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Дар ҳар мавсим хабари бо зӯр ва роҳҳои хилофи қонун ҷалб кардани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG