Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз падари Маҳсо Аминӣ хостаанд, ба ёди ӯ маърака наорояд


Маҳсо Аминӣ соле қабл, баъди боздошт аз тарафи пулиси ахлоқ, даргузашт
Маҳсо Аминӣ соле қабл, баъди боздошт аз тарафи пулиси ахлоқ, даргузашт

Маъмурони амниятии Эрон Амҷад Аминӣ, падари Маҳсо Аминиро рӯзи 11-уми сентябр як соат бозпурсӣ кардаанд.

Дар ин бора Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, рӯзи 13-уми сентябр гузориш дод.

Маҳсо Аминӣ соле қабл, баъди боздошт аз тарафи пулиси ахлоқ, даргузашт ва боис ба эътирозҳои густарда дар саросари Эрон шуд.

Як манбаи Радиои Фардо гуфт, мақомот ба Амҷад Аминӣ фишор овардаанд, ки дар солрӯзи марги духтараш (16-уми сентябр) ба хотири ӯ маърака наорояд.

Ба қавли манбаи Радиои Фардо, ҳамчунин аз Аминӣ тақозо шудааст, ки гуфтаҳои қаблии худ ва ҳамсарашро дар бораи маросими ёдбуди Маҳсо Аминӣ инкор кунад.

"Маъмурони амниятӣ таҳдид кардаанд, ки агар аъзои хонавода ба ёди ӯ коре бикунанд ва ё мусоҳиба диҳанд, Ашкон, писари Амҷад Аминиро ҳабс хоҳанд кард," – афзудааст ӯ.

Маҳсо Аминии 22-сола тақрибан соле пеш аз тарафи пулиси ахлоқ ба гумони бадҳиҷобӣ дастгир ва ба таври асроромез даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳеч беморӣ надошт.

Баъд аз он эътирози сартосарӣ дар Эрон сар шуд ва чанд моҳ идома кард. Норозиён озодии занону духтарон ва тағйири ҳукуматро талаб карданд. Мақомот садҳо нафарро кушта ва садҳо тани дигарро дастгиру муҷозот карданд.

XS
SM
MD
LG