Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, 13-уми сентябр дар чорабиние дар Душанбе ибрози умед кард, ки тавонанд рӯзе чунин маросимро дар кишвари худ баргузор кунанд.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик, гуфт, "мероси Аҳмадшоҳи Масъуд барои бақои ҳувияти сиёсии тоҷикон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар минтақа, бисёр арзиши бузург аст."
Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳур ва вазири собиқи дифои Афғонистон, рӯзи 9-уми сентябри соли 2001 дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор кушта шуд.
Вай дар деҳаи Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омада, дар Кобул бузург шудааст.
Масъуд дар солҳои муқовимати аввал алайҳи "Толибон" дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард.
Дар гузашта ин пешниҳод садо дода буд, ки ин манзил ба хона-музейи ӯ табдил дода шавад. Пешниҳоде, ки бо сабабҳои номаълум ҳанӯз амалӣ нашудааст. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 ва баъд аз бист соли маргаш, ба Аҳмадшоҳи Масъуд ордени дараҷаи яки "Исмоили Сомонӣ" дод.
Ҳоло Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат, созмони зидди Толибонро дар Афғонистон раҳбарӣ дорад.
Видеоро дар инҷо бинед: