Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоб дар Либия. Ҳазорон кас ҷон бохта, ҳазорон нафари дигар нопадид шудаанд


Тибқи гузоришҳо, бар асари тӯфон ва сел дар Либия ҳазорон нафар ҷон бохта, ҳазорон каси дигар нопадид шудаанд. Ба гуфтаи масъулони ниҳодҳои беҳдоштии шаҳри Дерна, камаш 2300 нафар дар ин офати табиӣ ба ҳалокат расиданд. Баъзе аз расонаҳо шумораи ҷонбохтагонро зиёда аз 5 ҳазор нафар гуфтанд.

Рӯзи якшанбе, 10-уми сентябр, дар ҷараёни тӯфони "Даниэл", ду обанбор ва чаҳор пул дар шаҳри Дернаи Либия шикаста, бештари шаҳр зери об монд.

Вайронии зиёди селоб, ин шаҳри соҳилиро дар Баҳри Миёназамин, ки ҳудуди 100 ҳазор аҳолӣ дорад, дарҳам шикаст. Биноҳои чандошёна фурӯ рехтанд, хонаҳои истиқоматӣ ва мошинҳо дар байни ҷараёни хурӯшони об нопадид шуданд.

Томир Рамазон, як корманди Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, гуфтааст, бар асоси иттилои манбаъҳои онҳо, то кунун шумораи нопадидшудаҳо ба беш аз 10 ҳазор нафар расидааст. Эҳтимол шумораи ҷонбохтагон афзоиш хоҳад ёфт.

Теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон бо изҳори нигаронӣ аз фоҷеаи башарӣ дар Либия гуфтанд, фавран дастаҳои мададрасон ва маъмурони наҷотро ба ин кишвар мефиристанд.

Ба навиштаи "Ассошиэйтед Пресс", Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи сешанбе дар суханронӣ дар Анқара гуфт, Туркия дар канори Либия хоҳад истод.

Вазири корҳои хориҷии Италия низ дар шабакаи X (собиқ Твиттер) навишт, ки кишвараш ба ҳадди тавон ба осебдидагон дар Либия ёрӣ расонда, як тимро барои ҳамоҳангсозии кумакҳо ба ин кишвари арабзабони африқоӣ фиристодааст.

Олмон, Эрон, Амрико ва Қатар аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ба Либия кумак фиристоданд ё гуфтанд, омодаи ёрӣ ҳастанд.

Ҳукумати Либия ба раҳбарии Абдулҳамид Дбейбаҳ, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ мешавад, аз рӯзи душанбе се рӯз мотами миллӣ эълон кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG