Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт


Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо Лаос бозӣ мекунад
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо Лаос бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки бозии дувумашро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» бо тими Австралия бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки соли оянда дар Қатар доир мегардад, роҳ пайдо кард.

Бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “I” миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистону Австралия шаби сешанбеи 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 12 400 тамошогар доир гардид.

Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро ҳамлагари мунтахаби Австралия Камерон Пеупион дар дақиқаи 12-ум кушод. Баъди иҷрои моҳиронаи зарбаи ҷаримавӣ аз ҷониби ӯ аз масофаи дур, тӯб ба бурҷи “нӯҳгонӣ”-и дарвозаи мизбонон ворид шуд.

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров дар дақиқаи 28-ум ҳисобро баробар кард. Ин футболбози 21-солаи тоҷик, ки дар бошгоҳи “Локомотив”-и Тошканд бозӣ мекунад, дар зодрӯзаш барои худ голи зебо туҳфа намуд. Рустам бо тӯби ба ӯ ирсолнамудаи ҳамдастааш Руслан Хайлоев ба ҷаримагоҳи меҳмонон ворид шуда, бо зарбаи сахт онро ба нишон расонд.

Бозигарони ҳарду дастаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекард. Бинобар ин онҳо дар нимаи дувуми дидор кӯшиш карданд, ки ин ҳисобро нигоҳ доранд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» 9-уми сентябр тими Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.

Дар бозии даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «I» 6-уми сентябр мунтахаби олимпии Австралия дастаи Лаосро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби олимпии Австралия ва Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Австралия дар гурӯҳи «I» ғолиб шуд ва ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҷадвали гурӯҳи «I» дар ҷойи дувум қарор гирифт, дар қатори чаҳор дастаи ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо бо нишондодҳои хубтар ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Дарвоқеъ, мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бори дувум ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) роҳ пайдо намуд.

Вале дастаи мунтахаби олимпии Лаос, ки дар ҳарду бозиаш шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) маҳрум гашт.

Бояд тазаккур дод, аз рӯи натиҷагирии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо бо нишондодҳои хубтар ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.

Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи «I»

Даври 1-ум

Лаос – Австралия – 1:7

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

Тоҷикистон Лаос – 2:1

Голҳо: Дамотх Тхонгкхамсаватх, 54 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 90+1 (1:1). Руслан Хайлоев, 90+4 (2:1).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубон Каримов, Манучеҳр Сафаров, Фахриддин Аҳтамов, Масрур Қиёмиддинов (Алиҷони Айнӣ, 42), Шуҳрат Элмуродов, Фатҳулло Олимзода (Руслан Хайлоев, 66), Ҳамадонӣ Камолов, Рустам Соиров, Шаҳром Самиев (Алишер Раҳимов, 66).

Беҳтарин бозигари дидор: Руслан Хайлоев (Тоҷикистон).

9-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошогар.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Австралия – 1:1

Голҳо: Камерон Пеупион, 12 (0:1), Рустам Соиров, 28 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳамадонӣ Камолов (Тоҷикистон).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубон Каримов, Алиҷон Кароматуллозода (Фахриддин Аҳтамов, 46), Манучеҳр Сафаров (капитан ё сарвони даста), Шуҳрат Элмуродов, Руслан Хайлоев, Ҳамадонӣ Камолов, Азизбек Ҳаитов (Шаҳром Самиев, 87), Алишер Шукуров, Рустам Соиров.

12-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 12 400 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «I»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Австралия (U-23)

2

1

1

0

8-2

4

2

Тоҷикистон (U-23)

2

1

1

0

3-2

4

3

Лаос (U-23)

2

0

0

2

2-9

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG