Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хост, Мавҷуда Мирзоева 6 сол зиндонӣ шавад


Додситон ба сухангӯйи пешини Вазорати шуғли аҳолии Узбекистон Мавҷуда Мирзоева, ки ба туҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯӣ гумонзад аст, 6 сол зиндон талаб кардааст.

Ҳомии ҳуқуқ Абдураҳмон Ташанов дар Фейсбук хабар дод, ки муовини додситони ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд ҳамчунин хостааст, Мирзоева се сол аз ҳаққи рӯзноманигорӣ маҳрум шавад.

Баррасии парвандаи рӯзноманигорони "Kompromatuzb" дар Телеграм, ки Мирзоева яке аз онҳо аст, 18-уми июли имсол дар Додгоҳи Шайхонтоҳур пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Хабаргузории "Kun.uz" он замон хабар дода буд, ки парванда бо дархости гумонбарон пушти дарҳои баста мегузарад.

Дар доираи ин парванда рӯзноманигор Хуршед Далиев; собиқ сухангӯйи ширкати"Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов; сухангӯи пешини Вазорати шуғли аҳолии Узбекистон Мавҷуда Мирзоева ва як нафари дигар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ба зидди гумонбарон бо бандҳои "туҳмат, тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, пулшӯӣ ва саркашӣ аз пардохтӣ андоз" айб эълом гашта, дороӣ ва ҳисобҳои бонкии онҳо ҳабс шудааст.

Дар доираи парванда 19 кас ҷабрдида ва 10 нафар даъвогар эътироф гаштаанд. Мизони зарар 5,14 миллиард сӯми узбекӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG