Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Қирғизистон ихроҷи Болот Темировро қонунӣ номид


Болот Темиров
Болот Темиров

Додгоҳи олии Қирғизистон ихроҷи рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темировро аз ин кишвар қонунӣ номид.

Темиров дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз дарёфти ҳалнома ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид шикоят мебарад.

Яке аз вакилони мудофеи рӯзноманигор, Бакитбек Автандил, пештар гуфта буд, ки 7-уми июл аз Додгоҳи олии Қирғизистон дархост карданд, то қарори ихроҷи Темировро бекор кунад.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард.

Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиев (Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон)-ро дар кори ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст.

Тошиев дар "Фейсбук" навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январи соли 2022 дар ҷойи кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 23-юми ноябри 2022 қарори ихроҷи Темировро содир кард. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳамон рӯз Темировро ба фурудгоҳ бурданд ва аз он ҷо ба Русия ронданд.

Вакили мудофеи Темиров қарори додгоҳро қонуншиканӣ номид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG