Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ эълон шуд


Бозиҳои осиёӣ. Акс аз бойгонӣ.
Бозиҳои осиёӣ. Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд, ки 61 навъи рақобатҳоро дарбар мегирад, барои 482 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Маросими эстафетаи машъали бозиҳо 8-уми сентябр дар кӯли Сихуи шаҳри Ҳангжоуи музофоти Чжэтсзян баргузор шуд. Нахустин шуда машъалро шиновар, қаҳрамони олимпӣ Ло Сюэтсзюан ба даст гирифт. Эстафетаи машъали Бозиҳои тобистона дар 11 шаҳри музофоти Чжэтсзян то 20-уми сентябр идома хоҳад кард.

Тақвими Бозиҳои XIX тобистонаи осиёии соли 2023 дар Ҳангжоуи Чин:

  • 19-28 сентябр. Волейболи соҳилӣ
  • 19 сентябр — 7 октябр. Футбол
  • 19 сентябр — 7 октябр. Волейбол
  • 19 сентябр — 7 октябр. Крикет
  • 20-24 сентябр. Панҷҳарбаи муосир
  • 20-25 сентябр. Қайиқронии академӣ
  • 22 сентябр — 2 октябр. Тенниси рӯи миз
  • 24-27 сентябр. Регби 7Х7
  • 24-27 сентябр. Скейтбординг
  • 24-27 сентябр. Ҷудо
  • 24-28 сентябр. Ушу
  • 24-28 сентябр. Таэквондо
  • 24-29 сентябр. Гимнастикаи варзишӣ
  • 24-29 сентябр. Теннис
  • 24-29 сентябр. Шамшерзанӣ
  • 24-29 сентябр. Шиноварӣ
  • 24 сентябр — 3 октябр. Тирпарронӣ 33
  • 24 сентябр — 5 октябр. Ҳандбол
  • 24 сентябр — 5 октябр. Бокс
  • 24 сентябр — 7 октябр. Ҳоккейи рӯи алаф
  • 24 сентябр — 7 октябр. Сепактарау
  • 25 сентябр. Велосипедронӣ маунтинбайк
  • 25 сентябр — 1 октябр. Баскетбол 3Х3
  • 25 сентябр — 7 октябр. Тӯббозӣ дар об
  • 26-29 сентябя. Велосипедронӣ дар трек
  • 26 сентябр — 6 октябр. Сквош
  • 26 сентябр — 6 октябр. Софтбол
  • 26 сентябр — 6 октябр. Аспдавонӣ
  • 26 сентябр — 6 октябр. Бейсбол
  • 27 сентябр — 6 октябр. Бриҷ
  • 27 сентябр — 6 октябр. Баскетбол
  • 28 сентябр — 1 октябр. Голф
  • 28 сентябр — 7 октябр. Бадминтон
  • 29 сентябр — 2 октябр. Киберспорт
  • 29 сентябр — 2 октябр. Триатлон
  • 29 сентябр — 5 октябр. Варзиши сабук
  • 30 сентябр — 2 октябр. Кураш
  • 30 сентябр — 2 октябр. Ҷаҳиш аз трамплин
  • 30 сентябр — 3 октябр. Қайиқронӣ слалом
  • 30 сентябр — 7 октябр. Вазнабардорӣ
  • 30 сентябр — 7 октябр. Спидскейтинг (конкитозӣ бо чархак)
  • 1 октябр. Велосипедронӣ ВМХ
  • 1-7 октябр. Камонварӣ
  • 2-3 октябр. Ҷаҳиш дар батут
  • 2-7 октябр. Каббода
  • 3-5 октябр. Велосипедронӣ дар шоҳроҳ
  • 3-5 октябр. Софт-теннис
  • 3-7 октябр. Шӯхпаймоӣ
  • 4-6 октябр. Қайиқронӣ
  • 4-7 октябр. Куштӣ
  • 5-7 октябр. Ҷиу-ҷитсу
  • 5-7 октябр. Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
  • 5-8 октябр. Карате
  • 6-7 октябр. Брейк-данс
  • 6-7 октябр. Гимнастикаи бадеӣ
  • 6-7 октябр. Шиноварии синхронӣ ё муназзам
  • 6-7 октябр. Шиноварӣ дар оби кушода ё оби равон

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин беш аз 100 варзишгари тоҷик дар риштаҳои ҷудо, бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш, ҷиу-ҷитсу ва ғайра дар назар аст.

Мусобиқот дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегардад.

Зимнан, Бозиҳои XIX тобистони осиёӣ дар Ҳангжоу бояд аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 баргузор мешуданд, аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон», қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG