Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд гуфт, интихоботи Қарабоғро эътироф намекунад


Самвел Шахраманян, президенти нави Қарабоғи Кӯҳӣ.
Самвел Шахраманян, президенти нави Қарабоғи Кӯҳӣ.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо нашри изҳороте гуфт, ин кишвар интихоботеро, ки дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ 9 сентябр баргузор шуд, эътироф намекунад.

"Узбекистон аз истиқлол ва тамомияти арзии Ҷумҳурии дӯсти Озарбойҷон қотеъона ҷонибдорӣ карда, ҳама гуна дахолат ба корҳои дохилии онро маҳкум мекунад ва интихоботи ба истилоҳ, президентиро дар Қарабоғ эътироф намекунад", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Порлумони ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ 9 сентябр Самвел Шахраманяни 45-соларо президенти нави ин минтақа интихоб кард. Шахраманян ягона номзад ба мақоми президентии ҷумҳурии худхонда буд.

Президенти пешини минтақа Араик Арутюнян 1 сентябр аз мақомаш истеъфо дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG