Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз убури ғайриқонунии 246 кас аз Беларус ба Латвия


Сарҳади Латвия бо Беларус
Сарҳади Латвия бо Беларус

Мақомоти Латвия рӯзи 10-уми сентябр монеи гузаштани 246 нафар аз сарҳади Беларус ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо шудаанд.

Ба иттилои марзбонҳо, дар се рӯзи охир 472 нафар кӯшиш кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба Латвия дароянд.

Бо ин, шумораи кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади Латвия дар имсол ба зиёда аз 7800 маврид расидааст.

Соли гузашта ин рақам ба камтар аз 5300 баробар буд.

Латвия ва Литваву Лаҳистон (Полша) пайваста раҳбари Беларус Александр Лукашенкоро барои ба марз фиристодани муҳоҷирон гунаҳкор мекунанд.

Онҳо бовар доранд, ки Минск ба ин восита мехоҳад ба кишварҳои аврупоӣ фишор биоварад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG