Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири олмонӣ. Киев гуфт, замини бештарро пас гирифт


Украина
Украина

Вазири корҳои хориҷии Олмон рӯзи 11-уми сентябр ногаҳонӣ ба Киев рафт ва бори дигар пуштибонии кишварашро аз Украина баён дошт.

Дар ҳамин рӯз мақомоти Украина гуфтанд, ки дар шарқ ва ҷануб қаламравҳоеро аз дасти нерӯҳои Русия гирифтанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар хабарномааш гуфт, "дар Клишчиевкаи вилояти Донетск қисман комёбӣ ба даст омад. Душманро аз мавқеъҳои ишғолкардааш берун рондем... набардҳои сахт ҷараён дорад."

Ба иттилои низомиёни Украина, дар як рӯзи гузашта миёни онҳо ва сарбозони Русия беш аз 30 задухӯрд рух додааст.

Муовини вазири дифои Украина гуфт, артиши кишвараш аз замони оғози ҳамлаи ҷавобӣ дар моҳи июни имсол 49 километри мураббаъро дар наздикии Бахмут бозпас гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG