Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи «E” бо дастаҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.
Зимнан, бархе аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки дар ҳайати бошгоҳҳои қаҳрамони Арабистони Саудӣ, Эрон ва Қатар ҳунарнамоӣ мекунанд, барои бозӣ муқобили «Истиқлол» ба Душанбе хоҳанд омад. Яке аз онҳо Криштиану Роналдуи португолӣ мебошад, ки ба ҳайати «Ал-Наср» шомил аст.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.
Натоиҷи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Гурӯҳи «В»: «Ал-Садд» (Қатар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Эйр Форс» (Ироқ), АГМК (Узбекистон).
Гурӯҳи «D»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон), «Мумбаи Сити» (Ҳиндустон), «Навбаҳор» (Узбекистон).
Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ).
Тақвими бозиҳои бошгоҳи «Истиқлол» дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «Е»
«Персеполис» (Эрон)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Даври 1-ум
19-уми сентябр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар)
Даври 2-юм
2-юми октябр
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 3-юм
24-уми октябр
«Персеполис» (Эрон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 4-ум
7-уми ноябр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон)
Даври 5-ум
27-уми ноябр
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 6-ум
5-уми декабр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)