Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Федератсияи футболи Испания гуфт, истеъфо медиҳад


Раиси Федератсияи футболи Испания Луис Рубиалес рӯзи якшанбе гуфт, аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Рубиалеси 46-сола баъд аз пирӯзии тими футболи занонаи Испания дар қаҳрамонии ҷаҳон узви дастаи мунтахаби кишвараш Ҷеннӣ Эрмосои 33-соларо ба оғӯш гирифт ва бӯсид.

Ин лаҳза тариқи пахши мустақим аз ҷараёни мусобиқот намоиш дода шуд ва Эрмосо дертар гуфт, "амали Рубиалес ба ӯ хуш наомад". Рубиалес ба таври шӯхиомез изҳор дошт, ки акнун бо футболбоз издивоҷ мекунад.

Рафтори раиси Федератсияи футболи Испанияро бештари варзишгарон, масъулони соҳа ва иттифоқҳои касабаи варзишӣ маҳкум карданд.

Лигаи футболи занонаи Испания чанд рӯз баъд бо нашри изҳороте рафтори Рубиалесро "амали нангини бесобиқаи байнулмилалӣ" номид.

Додситонии Испания дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG