Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 4 созмон аз Тоҷикистон: "Иттиҳомро бекор, Насриддиновро озод кунед"


Низомиддин Насриддинов
Низомиддин Насриддинов

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд.

Баёнияи Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now рӯзи 11-уми сентябр нашр шуд.

Низомиддин Насриддинов, узви пешини “Гуруҳи 24”, солҳои охир ҳамроҳи хонаводааш дар Олмон мезист. Ӯро моҳи январи имсол дар Беларус дастгир ва, бо вуҷуди дархости созмонҳои байнулмилалӣ, ба Тоҷикистон фиристоданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро расман шарҳ надодаанд. Баъзе аз манобеи расмӣ мегӯянд, ӯ ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. Ин банди қонун аз 3 то 18 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Пештар вакили мудофеаш дар Беларус ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ӯ дар YouTube кадом видеои танқидиро дар бораи президенти Тоҷикистон гузоштааст”.

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯзи 11-уми сентябр гуфтанд, дар қазияи Низомиддин Насриддинов таркиби ҷиноятро намебинанд ва “ӯ бояд зуд озод карда шавад”.

“Фаъолияти осоишта ва танқиди мақомот ҷиноят нест,”- гуфтаанд онҳо ва талаб кардаанд, ки ба Насриддинов иҷоза дода шавад, ки ба назди зану фарзандонаш ба Олмон баргардад.

Хонаводаи Насриддинов дар назди бинои СММ дар Бонн
Хонаводаи Насриддинов дар назди бинои СММ дар Бонн

Чаҳор созмон ҳукуматро барои “мавҷи нави буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон” сарзаниш кардаанд. Бино ба баёнияи онҳо, “ҳукумат шуморе аз мухолифони сиёсӣ ва дигарандешонро рабудаву нобуд карда, садҳо зиёӣ, ҳуқуқдон ва мухолифони осоиштаро бо гуноҳҳои сохта зиндонӣ намуд.”

Дар идома ҳукумати Тоҷикистон “барои саркӯби расонаҳову озодии баён ва манъи мухолифати сиёсӣ” низ танқид шудааст. Намояндагони созмонҳо гуфтаанд, “шиканҷа дар низоми маҳбасҳои Тоҷикистон як таҷрибаи маъмулӣ аст” ва беҷазоӣ барои вайрон кардани ҳуқуқи одамон ҳамчунон боқист.

Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба баёнияи чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҳанӯз маълум нест. Намояндагони ҳукумат дар гузашта нақзи ҳуқуқи одамон ва саркӯби рақибону дигарандешонро рад карда, ин афрод ба ҷиноят, аз ҷумла ифротгароӣ гунаҳкор кардаанд.

Низомиддин Насриддинови 35-сола аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Вай соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард. Намояндагони “Гурӯҳи 24” дертар эълон карданд, ки ӯ аз соли 2018 узви созмон нест.

Дӯстонаш гуфтанд, солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва моҳи январи имсол бо ҳамин ҳадаф ба Беларус рафту дар сарҳад боздошт шуд. Пайвандони Насриддинов 8-уми сентябр дар назди дафтари Созмони Миллал дар шаҳри Бонн ҷамъ шуда, озодии падари хонаводаро талаб карданд.

Абдулло Саидов ҳам аз Аврупо ба Тоҷикистон ихроҷ шуд
Абдулло Саидов ҳам аз Аврупо ба Тоҷикистон ихроҷ шуд

Дар гузашта чанд намояндагони мухолифони тоҷик дар Беларус дастгир, вале зери фишори рӯзноманигорону созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар раҳо карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, чанд мавриди ихроҷ паноҳҷӯёни тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани онҳо расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG