Ин бозӣ 10-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко бо касби 40 имтиёз аз 18 бозӣ дар мақоми аввал аст.
«Равшан»-и Кӯлоб (сармураббиаш Тоҳир Муъминов), ки аз 18 бозӣ 31 имтиёз дорад, мақоми дувумро соҳиб шудааст. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (сармураббиаш Аҳлиддин Турдиев), ки баъди 18 бозӣ 29 имтиёз гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад.
Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи бозиҳои даври 18-ум таркиби ҳарду гурӯҳи иштироккунандаи марҳилаи сеюми мусобиқот муайян шуд.
Ҳамакнун дар марҳилаи сеюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз якум то панҷум дар ҷадвали мусобиқот мубориза мебаранд. Инҳо дастаҳои «Истиқлол», «Равшан», «Кӯктош», «Эсхата» ва «Файзканд» мебошанд.
Панҷ бошгоҳи боқимонда – «Хуҷанд», «Ҳосилот», КМВА, «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» - дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз шашум то даҳум талош меварзанд, то ин ки мавқеашонро дар лигаи лоӣ нигоҳ доранд.
Ду дастае, ки дар зинаҳои охир (9-10-ум) қарор мегирад, аз рӯи натоиҷи мавсим ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмуъ, ҳар як даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Тақвими марҳилаи севум ва ҳалкунандаи мусобиқот аз рӯи ҷадвали Бергер тартиб дода мешавад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023
Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 13-ум
КМВА - «Истиқлол» - 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА).
10-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
18 |
12 |
4 |
2 |
42-8 |
40 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
18 |
8 |
7 |
3 |
23-13 |
31 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
18 |
9 |
2 |
7 |
30-25 |
29 |
4 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
18 |
8 |
2 |
8 |
24-28 |
26 |
5 |
«Файзканд» (Восеъ) |
18 |
6 |
7 |
5 |
24-22 |
25 |
6 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
18 |
5 |
7 |
6 |
18-26 |
22 |
7 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
18 |
5 |
5 |
8 |
14-20 |
20 |
8 |
КМВА (Душанбе) |
18 |
4 |
8 |
6 |
14-14 |
20 |
9 |
«Хатлон» (Бохтар) |
18 |
5 |
1 |
12 |
11-33 |
16 |
10 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
18 |
3 |
7 |
8 |
17-28 |
16 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), – 9-тӯбӣ, Азизбек Султонов («Кӯктош»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), – 8-тӯбӣ.