Ба гуфтаи муҳоҷирон, ширкат маоши шашмоҳаи онҳоро напардохтааст ва дар посух ба талаби батакрории муҳоҷирон, кормандони норозиро аз кор ихроҷ кардаааст.
Яке аз муҳоҷирон бо номи Ислом дар суҳбат бо тарҳи "Мигрант Медиа" гуфтааст, "аз 186 ҳазор рубл танҳо 93 ҳазорро доданд". "Ба ман бояд 204 ҳазор рубл медоданд, вале танҳо 104 ҳазор пардохтанд. Гуфтанд, барои ту ин кифоя аст ва аз кор ронданд", - изҳор доштааст, муҳоҷири дигар бо номи Умед.
Муҳоҷирон дақиқ намедонанд, ки ширкат маоши чанд кормандашро напардохтааст. Вале ба гуфтаи онҳо, дар миёни ронандагони ширкат, ки натавонистаанд маоши худро пурра дарёфт кунанд, 14 узбекистонӣ аст.
Талошҳои рӯзноманигорони тарҳи "Мигрант.Медиа" барои дарёфти назари масъулони ширкат бенатиҷа буд. Онҳо нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.