Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни зилзилаи Марокаш аз ҳазор кас гузашт


Бино ба оморҳои ахир шумори кушташудаҳо дар заминларҳаи Марокаш ба 1037 нафар расид. Бештар аз 1200 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Телевизиони давлатии Марокаш бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Бино ба навиштаи Reuters, шиддати зилзила дар баъзе минтақаҳо ба 7,2 дараҷа баробар будааст. Қаблан шиддати зиминларзаро 6,8 дараҷа гуфта буданд.

Ҳодиса шоми рӯзи ҷумъа рух додааст. “Ин сахттарин заминларза дар ин минтақа буд. ”- гуфтааст, зилзилашиноси марокашӣ, Лахсен Мханни. Ба гуфтаи вай дар ноҳияҳои куҳӣ чунин заминларзаҳо хеле кам рух медиҳанд.

Маркази зилзила, дар 70 километрии як минтақаи сераҳолии Маррокаш наздик ба осоишгоҳи маъруфи лижаронии Укаймеден будааст. Дар наворҳое, ки сокинони ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад дар пайи таккони сахти замин, деворҳои маъруфи сурх дар атрофи шаҳри қадимии Марокаш осеб дидаанд. Ин деворҳо ба феҳрасти ёдгориҳои ҷаҳонии таърихии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Марокаш гуфтааст, зилзила бештар қисматҳои дур аз минтақаҳои аҳолинишини кишварро хароб кардаст, вале ба далели душворгузар будани роҳҳои куҳӣ хисороти дақиқи зилзила ҳанӯз пурра маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG