Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири узбекистонӣ дар Истанбул кушта шудааст


Муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор ба Истанбул меоянд
Муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор ба Истанбул меоянд

Дар шаҳри Истанбули Туркия дар натиҷаи тирпарронии гуруҳҳои ҷиноӣ як шаҳрванди Узбекистон кушта шудааст. Дар ин бора консули генералии Узбекистон дар Истанбул 7 сентябр хабар дод.

Бино ба иттилои консулгарӣ, ҳодиса 2 сентябр рух дода, шаҳрванди Узбекистон дар Истанбул муҳоҷири меҳнатӣ буд.

Дар натиҷаи тирпарронӣ, муҳоҷири 46-сола, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса кор мекард, тир хӯрда, дар бемористон фавтидааст.

Пулис аъзои гуруҳҳои ҷиноиеро боздошт кардааст, ки тирпарронӣ карда буданд. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса давом дорад.

Ҷасади шаҳрванди Узбекистон ба зодгоҳаш вилояти Самарқанд интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG