Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ тарафи сокинонро гирифт, "Ориёно Сохтмон" напазируфт. ВИДЕО


Тасмими вайрон кардани як бинои истиқоматӣ дар маркази Душанбе баҳси сокинон ва ширкати бинокории “Ориёно Сохтмон”-ро доғ кардааст.

“Мушовир забонхат навишт”

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баъд аз эътирози сокинон тарафи онҳоро гирифт ва мухолифи тахриби бино баромад. Намояндагони ширкат мегӯянд, қарорро намепазиранд.

Баҳс бар сари бинои чорошёнаи бозмонда аз Шӯравӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммади Душанбе, дар рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Волна”, аз моҳи ноябри соли 2022 боз идома дорад. Дар онҷо тақрибан шаст оила зиндагӣ мекунанд.

Снежана Голубева
Снежана Голубева

Снежана Голубева, яке аз бошандагони бино, ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони Хадамоти иҷро моҳи июли имсол дар ҳузури мушовири ҳуқуқии ширкати “Ориёно Сохтмон” қарори додгоҳро шарҳ доданд ва вайрон кардани биноро боздоштанд. “Мушовири ҳуқуқии ширкати “Ориёно Сохтмон” Раҳмоналӣ Гадоев забонхат навишт, ки бо қарори додгоҳ ошно шудааст,” – иддао кард хонум Голубева.

Раҳмоналӣ Гадоев рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ширкат кор намекунад ва мавзуъро бояд аз масъулони дигари “Ориёно Сохтмон” пурсид. Неъмат Сангонов, намояндаи ширкат, қарори додгоҳро беасос арзёбӣ кард.

“Бе иҷозати мо чӣ қарор мебарорад?”

Ӯ гуфт: "Додгоҳ бе иҷозати мо чӣ қарор мебарорад? Додрас қарорашро барҳам дод, зеро дар муҳокима ягон намояндаи мо ширкат накард. Вақте намояндаи ширкат набошад, чӣ хел биноро ба ҳабс гирифтан мумкин аст?”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Зарина Нурова, вакили мудофеи сокинон, масъулони “Ориёно Сохтмон” дар бораи манъи тахриби бино расман огоҳ карда шудаанд. Дилшод Ҳакимзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки қарор қонунӣ ва иҷрои он ҳатмист.

“Дар сурати иҷрои нашудани қарори додгоҳ масъулони Хадамоти иҷро бояд шикояти расмӣ фиристанд,” – илова кард ӯ. Ҷаҳонгир Мурувватов, масъули Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд, то ҳол аз сокинон дар бораи идома ёфтани тахриби бино шикояти расмӣ нагирифтанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Бо вуҷуди "не"-и додгоҳ биноро вайрон мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Дар солҳои охир тахриби биноҳои куҳна ва дар ҷойи онҳо сохтани биноҳои нав дар Душанбе ба масъалаи ҷанҷолӣ табдил шудааст. Аксар вақт сокинон ва ширкатҳои бинокорӣ бар сари нархи хонаҳо ба созиш намерасанд.

Мардум мегӯянд, ширкатҳо барои манзили онҳо маблағи кам пешниҳод мекунанд, аммо тарафи дигар иддао дорад, ки соҳибони манзилҳо аз нархи бозор зиёд пул мехоҳанд.

Кӯшишҳо барои ёфтани моликони ширкати “Ориёно Сохтмон” то ҳол натиҷа надод. Дар огоҳинома ба соҳибмулкони бино имзо ва номи Ҷамшед Ғуломов ҳамчун мудири кулли ширкат навишта шудааст. Дар номаи шикоятии соҳибмулкони бино ба Радиои Озодӣ дар баҳори имсол дар баробари номи чанд масъул исми Зайнулло Соҳибов, яке аз хешовандони раиси ҷумҳурӣ, зикр шуда буд. Маълум нест, нақши Зайнулло Соҳибов дар ин қазия чист.

Нашрияи "Боҷу Хироҷ"-и Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли 2021 ширкати "Ориёно Сохтмон"-ро "бемасъулият" номидааст, ки 250 ҳазор сомонӣ молиётро дар вақташ напардохт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG