Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии паҳлавонони тоҷик ба “Baku Grand Slam"


Ҷаҳонгир Маҷидов ва панҷ гуштигири тоҷик ба Озарбойҷон хоҳанд рафт
Ҷаҳонгир Маҷидов ва панҷ гуштигири тоҷик ба Озарбойҷон хоҳанд рафт

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam”, ки рӯзҳои 24-27-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқот то ҳоло 325 варзишгар (188 мард ва 137 зан) аз 58 кишвари панҷ қораи олам номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-73 кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов

-81 кг – Шодмон Ризоев

-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

+100 кг – Мансур Раҳмон

+100 кг – Шакар Мирмамадов.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 варзишгар (7 мард ва 4 зан) барои ширкат дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XIX Осиё, ки рӯзҳои 24-27-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мардон ҳафт нафар - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Исроил Раҳимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи занон чаҳор нафар – Мадина Қурбонзода (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри имсол дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпӣ - аъзои Шӯрои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба киберварзиш ва брейк-данс мусобиқот баргузор мешавад.

Иштироки варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, гуштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, ҷиу- ҷитсу, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегарданд.

Зимнан, Бозиҳои XIX Осиё дар Ҳангжоу бояд аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 баргузор мешуданд, аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон», қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гирифта шуд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ки аз 30 варзишгар иборат аст, таҳти роҳбарии мураббиёни кишвар ва мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори ба ҷамъомади таълимию тамринии байнулмиллалӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, сафарбар гардидаанд.

Дар ин ҷамъомад ба ҷуз аз паҳлавонони тоҷик, беҳтарин варзишгарони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Исроил, Туркия ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ омодагӣ ба Бозиҳои XIX Осиё дар Ҳангжоуи Чин, мусобиқоти бузурги “Grand Slam 2023” дар Бокуи Озарбойҷон ва қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия мебошад.

Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Тошканд дастаи мунтахаби кишвар тамринро аз 11-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе идома медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG