Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки шаш гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия


Акс аз сайти Федератсияи гуштии Тоҷикистон
Акс аз сайти Федератсияи гуштии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ, ки рӯзҳои 16-24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шаш нафар шомиланд:

Гуштии озод

Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг)

Мустафо Аҳмадов (-70 кг)

Магомед Евлоев (-74 кг )

Шуҳрат Бозоров (-79 кг)

Гуштии юнонию румӣ

Асламҷон Азизов (-60 кг)

Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг)

Зимнан, ин аввалин мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 мебошад. Гуштигирон барои 30 маҷмуи медалҳо ва 90 квотаи олимпӣ мубориза мебаранд. Варзишгароне, ки дар ҳар вазн ҷойҳои 1-5-умро мегиранд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Созмони ҷаҳонии гуштӣ (UWW) ба барномаи мусобиқот се навъи рақобатҳоро дохил кардааст: гуштии озод миёни мардон ва занон, гуштии юнонию румӣ байни мардон.

Ҷадвали мусобиқот бо иштироки гуштигирони тоҷик:

16 сентябр. Гуштии озод. Мустафо Аҳмадов (- 70 кг)

17 сентябр. Гуштии озод. Магомед Евлоев (- 74 кг), Шуҳрат Бозоров (- 79 кг).

18 сентябр. Гуштии озод. Абдулмаҷид Кудиев (- 65 кг).

22 сентябр. Гуштии юнонию румӣ. Асламҷон Азизов (- 60 кг).

23 сентябр. Гуштии юнонию румӣ. Фирӯз Мирзораҷабов (- 67 кг).

Дарвоқеъ, дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ Тоҷикистон танҳо як медал дорад. Соли 2007 Юсуф Абдусаломов дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило медали нуқра ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG