Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 27 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Дархости ниҳоии даста барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ҳамагӣ 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои мунтахаби Лаос (9-уми сентябр) ва Австралия (12-уми сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Ҳосилот»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳарду аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло (ҳарду аз «Равшан»), Исроил Холов (КМВА), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов («Ҳосилот»);
Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Руслан Хайлоев («Зенит-2», Русия), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Алишер Раҳимов («Амкал», Русия), Ҳамадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ (ҳарду аз «Истиқлол»), Масрур Қиёмиддинов («Равшан»), Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Алишер Шукуров («Кӯктош»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Шоин Боев («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.